Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумак ба осебдидагони заминларзаҳои Эрон


Амалиёти кумак ба осебдидагони зилзила дар шимолуғарби Эрон идома дорад. Бар асари ду заминларзаи шадиди рӯзи шанбе дар атрофи Табрез дастикам 250 нафар кушта ва беш аз 2000 тани дигар захмӣ шуданд. Вазири кишвари Эрон Мустафо Муҳаммад Наҷҷор гуфт, амалиёти ҷустуҷӯӣ анҷом ёфта, акнун ҳадаф таъмини ғизову сарпаноҳ ба зиндамондаҳост. Ӯ гуфт, аз 600 рустои маҳалли офат беш аз нисфаш осеб дида, беш аз 10 русто комилан хароб шудааст. Бино ба хабарҳо, ҳудуди 16 000 нафар оҷилан ба сарпаноҳ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG