Бозиҳои олимпии Лондон шоми якшанбе бо як маросими пуршукӯҳ бо ширкати беш аз 4000 нафар, бо шумули ситораҳои роки Бритониё монанди The Who ва Spice Girls расман ба поён расид. Раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Жак Рогге гуфт, ин як олимпиадаи “муваффақу олӣ” буд, ки “ҷавонони зиёдеро ба варзиш ва барои расидан ба орзуи худ ташвиқ хоҳад кард”. Эстафетаи олимпӣ акнун ба Рио-де-Жанейрои Бразилия супурда шуд, ки мизбонии Бозиҳои олимпии соли 2016-ро бар ӯҳда дорад . Дар Лондон 44 рекорди ҷаҳонӣ ва 117 рекорди олимпӣ гузошта шуд. Амрико бо 104 медал дар ҷои аввал аст. Аз байни 16 варзишкори тоҷик дар ин Бозиҳо танҳо Мавзуна Чориева соҳиби нишони биринҷӣ шуд.