Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи Ҳаққонӣ созмони террористӣ эълон мешавад?


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, қонунеро имзо кард, ки бар пояи он шабакаи Ҳаққонӣ метавонад ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил карда шавад.

Гуфта мешавад, ки вазири умури хориҷии Амрико тайи як моҳ бояд дар мавриди то куҷо мувофиқи мақсад будани вуруди шабакаи Ҳаққонӣ ба ин феҳрист тасмим бигирад.

Шабакаи Ҳаққонӣ, ки дар ду тарафи марзи Афғонистону Покистон фаъолият мекунад, масъули чандин ҳамла дар Афғонистон маҳсуб мешавад.

Иёлоти Муттаҳида алайҳи бархе аз раҳбарони ин созмон таҳримҳо ҷорӣ кардаанд ва аммо, бо вуҷуди пойфишории Конгресс, аз ворид кардани шабакаи Ҳаққонӣ ба феҳристи гурӯҳҳои террористӣ худдорӣ меварзад.
XS
SM
MD
LG