Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди паноҳҷӯён аз Сурия қариб 150 000 шудааст


СММ мегӯяд, шумори мардуми мулкие, ки аз ҷангҳои Сурия ба кишварҳои ҳамҷавор паноҳ меоранд, ба 150 000 наздик мешавад. Адриан Эдвардс – сухангӯи Идораи паноҳандагони СММ дар Женева гуфт, ин шумор танҳо дар Туркия аз 50 000 гузашта, танҳо ҳамин ҳафта ба ин кишвар аз Сурия 6 000 тан паноҳ овардаанд. Эдвардс гуфт, тақрибан 46 000 суриёӣ дар Урдун, то 37 000 нафар дар Лубнон ва ҳудуди 13 500 кас дар Ироқ макон гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки фақат баъди 18 июл беш аз 23 000 ироқӣ низ аз Сурия баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG