Пайвандҳои дастрасӣ

10-уми август - Рӯзи варзишгарон


Мавзуна Чориева, варзишгари тоҷик

Рӯзи варзишгарон ҳамасола бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон 10-уми август таҷлил мегардад.

Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон медали биринҷии Мавзуна Чориева дар риштаи бокс миёни занон дар вазни то 60 кг дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон бузургтарин дастовези варзишгарони тоҷик ба иди касбиашон мебошад.

Бахшида ба иди варзишгарон дар манотиқи мухталифи кишвар мусобиқот дар риштаҳои гуногун баргузор мешавад.

Ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзиш бахшида ба иди касбиашон баъди бозгашти ҳайати варзишии Тоҷикистон аз Лондон дар шаҳри Душанбе дар назар аст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG