Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Синои Миср даргириҳо аз сар гирифта шуд


Телевизиони давлатии Миср гузориш додааст, ки даргириҳо миёни нируҳои амниятӣ ва гурӯҳҳои гумонбар ба тундравҳои исломӣ дар минтақаи Сино аз сар гирифта шудааст.

Шабакаи давлатии телевизиони Nile News ё Хабарҳои Нил гузориш додааст, ки ин даргириҳо дар шаҳраки Ариш дар шимоли Сино дар наздикии дафтари пулис рух додааст. Низомиён мегӯянд, як рӯз пеш дар дагириҳое дар деҳаи ҳаммарз дар як ҳамлаи ҳавоӣ 20 шӯришӣ кушта шудаанд.

Ҳамлаи нируҳои давлатӣ замоне шурӯъ шуд, ки рӯзи якшанбе мардони мусаллаҳ ба посгоҳи марзии миёни Миср ва Исроил ҳамла бурданд ва 16 корманди пулиси Мисрро ба қатл расонданд.
XS
SM
MD
LG