Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду "одам"-и духтари Ислом Каримов


Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон
Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон

Дар Швейсария ду шахси наздик ба Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон, бо иттиҳоми “шустушӯи пул” боздошт шуданд.

Бар пояи хабарҳо, шаҳрвандони Узбакистон Шоҳрух Собиров ва Алишер Эргашев дар Женева, дар бинои бонки хусусии Lombard Odier дар ҳоле ба даст уфтоданд, ки мехостанд миллионҳо долларро ба як ҳисоби бонкӣ гузаронанд.

Додситонии Швейсария хабари дастгир шудани ду шаҳрванди Узбакистонро таъйид кард ва гуфт, ки боздошт дар чаҳорчӯби тафтиши парвандаи чаҳор нафари муттаҳам дар “шустушӯи пул” аз тариқи яке аз бонкҳои хусусии кишвар сурат гирифтааст. Аммо ин ниҳод бо такя ба сирри тафтишот аз ироаи тафсилоти бештар, аз ҷумла, дар бораи кай, дар куҷо ва чӣ гуна дастгир шудани шаҳрвандони Узбакистон худдорӣ кард.

Намояндаи бонки Lombard Odier дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ хабари боздошти шаҳрвандони Узбакистонро таъйид накард ва бо истинод ба қавонини кишвараш аз посух ба суоле, ки Шоҳрӯх Собиров ва Алишер Эргашев аз мизоҷони бонканд ё хайр, сарпечӣ намуд.

Фаррух Юсуфов, корманди бахши узбакии Радиои Озодӣ, мегӯяд, ки бар пояи иттилои манбаъҳои мӯътамад, боздошташудаҳо – одамони наздик ба Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ва намояндаи ин кишвар дар созмонҳои байнулмилалии мустақар дар Женева мебошанд: “Манбаъҳои мо ва як хабарнигори фаронсавӣ бидуни ифшои ному насабаш, гуфтанд, ки ин афрод барои Гулнора Каримова кор мекунанд, аз ҷумла, Алишер Эргашов, соли таваллудаш 1979, муовини раиси кулли ширкати “Кока-Кола Узбакистон” аст, ки таври маълум ба Гулнора Каримова тааллуқ дорад.”

Аз мусоҳибамон суол кардем, оё рӯшан аст, ки гап сари, ба истилоҳ, “шустушӯ”-и чӣ миқдор маблағ меравад? Ӯ мегӯяд, “дар бораи маблағ чизе гуфта нашудааст, аммо фикр мекунам, гап сари садҳо миллион доллар аст. Ва бар пояи маълумоти ҳанӯз тайиднашуда, маҳз аз ҳисобҳои бонкии Lombard Odier ҳаққи хизмати ширкати хусусии фурӯши манзил дар Женева пардохт шудааст, ширкате, ки тавассути он Гулнора Каримова дар соҳили кӯли Женева ба маблағи 50 миллион франки швейсарӣ ё беш аз 50 миллион доллар вилла харидорӣ кардааст.”

Фаррух Юсуфов меафзояд, бо гузашти чанд рӯз Тошканд ба боздошти ду шаҳрванди кишвар дар Женева вокунише накардааст. Аммо рӯзи шанбе як гурӯҳ занон дар канори сафорати Швейсария дар Тошканд ҷамъ омада алайҳи боздошти ин ду нафар эътироз карда, талаб намуданд, ки онҳо озод карда шаванд.

Бар иттилои манбаъҳои мӯътамад, Гулнора Каримова дар бонки Lombard Odier ба номи чанд нафари дигар, аз ҷумла, ба номи Гаянэ Авакян, ҳисобҳо боз кардааст ва аммо аз онҳо худаш истифода мебарад. Зимнан, Гаянэ Авакян “дасти рост”-и Гулнора Каримова аст ва ҳадс зада мешавад ӯ яке аз он чаҳор нафарест, ки бо иттиҳоми “шустушӯи пул” мавриди пайгарди мақомоти интизомии Швейсария қарор гирифтааст.

Гулнора Каримова, ба фарқ аз хоҳари хурдиаш Лола, на фақат дар майдони тиҷорат нақши густарда дорад, балки дар саҳнаи сиёсӣ низ хеле фаъол аст ва то ба симатҳои муовини вазири умури хориҷа ва сафири Узбакистон дар созмонҳои байнулмилалии мустақар дар Женева расидаааст.

Соли 2010-ум мақомоти Узбакистон ғайриинтизор “Zeromax”, як ширкати бузурги марбут ба Гулнора Каримоваро манъ карданд, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекард ва арзишаш 570 миллион доллар ҳисоб шуда буд. Ин тасмим боиси сару садоҳои зиёде шуда буд. Бархе аз коршиносон гуфтанд, ки Ислом Каримов “Zeromax ”-ро зери фишори ҳампаймонҳои бонуфузаш бастааст, ки аз афзоиши сармояи Гулнора Каримова ва сару садоҳо дар мавриди эҳтимоли дар курсии раисиҷумҳур нишастани ӯ хело ҳам нороҳатанд. Бархе дигар ба ин назаранд, ки Ислом Каримов бо бастани “Zeromax ” мехост роҳи духтарашро барои ишғоли курсии сарвари Узбакистон ҳамвор кунад.

Дар зимн, ду сол пеш маҷаллаи швейтсарии “Bilan” Гулнора Каримоваро бо маблағи тақрибан 900 миллион доллар, дар байни занони сарватманди ин кишвар дар мақоми 9-ум ҷой дода буд.
XS
SM
MD
LG