Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон боз як сарбози амрикоӣ кушта шуд


Мошини зиреҳпӯши сарбозони фаронсавӣ дар Афғонистон, ки зери раҳбарии паймони НАТО қарор доранд
Мошини зиреҳпӯши сарбозони фаронсавӣ дар Афғонистон, ки зери раҳбарии паймони НАТО қарор доранд
Рӯзи сешанбе паймони НАТО изҳор намуд, ки ду силоҳбадаст бо либоси сарбозони артиши миллии Афғонистон дар тан ба тарафи сарбозони паймони НАТО оташ кушода, як сарбози амрикои ро ба қатл расондаанд. Паймони НАТО таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ кардааст. Соли равон дар ҷараёни ҳамин гуна ҳамлаҳои сарбозони афғон ва ё ошӯбгарон, ки либоси артиши афғонро дар тан доштаанд, беш аз 25 сарбози нерӯҳои эътилофи байналмилалии мустақар дар Афғонистон ба ҳалокат расидаанд. Соли гузашта дар ҳамин гуна ҳамлаҳо 20 нафар кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG