Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Антонов барои баҳси пойгоҳ хоҳад омад


Анатолий Антонов
Анатолий Антонов
Муовини вазири дифоъи Русия Анатолий Антонов рӯзи 9 август дар раъси як ҳайъати низомии кишвараш вориди Душанбе хоҳад шуд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт,ин ҳайъат дар музокирот бо мақомоти низомиву давлатии Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои низомиву фаннии Душанбеву Маскав, аз ҷумла сарнавишти пойгоҳи 201-уми артиши Русияро баррасӣ хоҳад кард.
Замони қарордоди ин пойгоҳ соли 2014 ба поён мерасад, вале Маскаву Душанбе то ҳол бар сари шароити тамдиди замони ҳузураш ба тавофуқ нарасидаанд. Бино ба хабарҳо, Душанбе дар иваз аз Русия 250 миллион доллар пули иҷора мехоҳад, вале Русия ин шартро қабул надорад.
XS
SM
MD
LG