Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил: Қоҳира бояд назорати Синоро таҳким бахшад


Эҳуд Барак-вазири мудофиаи Исроил
Эҳуд Барак-вазири мудофиаи Исроил
Дар пайи куштори 16 сарбози мисрӣ Исроил аз Миср даъват кард, назорати нимҷазираи Синоро таҳким бахшад. Рӯзи душанбе вазири мудофиаи Исроил Эҳуд Барак гуфт, ҳамла болои посгоҳи мисрӣ ва баъди он кӯшиши убури марзи Исроил бо мошинҳои марзбонони кушташудаи мисрӣ бояд ҳамчун ҳушдоре ба мақомоти Қоҳира хидмат кунад:
“Шояд ин як ҳушдори воқеӣ ба мақомоти Қоҳира бошад, ки назорати Синоро аз тарафи худашон таҳким бахшанд.”
Барак гуфт, дар дохили яке аз ду мошини ғасбшуда шаш ҷасад ёфт шуд. Ду нафари дигар, ки аз ҳамлаи ҳавоӣ ҷон ба саломат бурда, мехостанд аз ҷои ҳодиса фирор кунанд, бо тири сарбозони исроилӣ ба қатл расидаанд. Ба қавли вазири мудофиаи Исроил масъулияти ҳамла бар дӯши гурӯҳҳои ҷиҳодие мебошад, ки дар нимҷазираи Сино паноҳгоҳ ёфтаанд. Президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ гуфтааст, ки назорати комили Синоро барқарор мекунад. Бар пояи созиши сулҳи соли 1979 миёни Исроилу Миср нимҷазираи Сино бояд орӣ аз силоҳ бошад.
Миср масъулони ҳамла болои сарбозонашро "кофир" эълон намуда, ваъда додааст, ки ҷазои онҳоро хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG