Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲИУ кушта шудани раҳбарашро таъйид кард


Усмон Одил
Усмон Одил
Ҳаракати исломии Узбакистон(ҲИУ) бо нашри як изҳорот дар сомонаи интернетиаш кушта шудани раҳбараш Усмон Одилро таъйид кард. Усмон Одил – домоди асосгузори ин ҷунбиши тундрави мазҳабӣ Тоҳир Юлдош буд ва баъди кушта шудани ӯ дар соли 2009 раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон шуд. Мақомоти Покистон қаблан гуфта буданд, ки раҳбари исломгароҳои узбак дар натиҷаи ҳамлаи ҳанӯз моҳи апрели ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар як минтақаи қабиланишин кушта шудааст. Сомонаи исломгароҳо хабар медиҳад, ки Усмон Ғозӣ ном нафари то ҳол ноошное раҳбари нави ҲИУ интихоб шудааст. Аъзои ин ҷунбиш, ки барои сохтани давлати исломӣ мубориза мебарад, асосан дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG