Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон аз Анқара хост дар озодии гаравгонҳои эронӣ кӯмак кунад


Вазирони умури хориҷии Эрон ва Туркия.
Вазирони умури хориҷии Эрон ва Туркия.

Теҳрон хостори мудохилаи Анқара барои озодии эрониҳои рабудашуда дар Димишқ шуд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии ИРНА, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар тамоси телефонӣ бо Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, «хостори мудохилаи фаврии Анқара барои озодии зоирони эронии гаравгонгирифташуда» дар Сурия шуд.

Манобеи давлатии Эрон ва Сурия рӯзи шанбе аз рабуда шудани «48 зоири эронӣ» дар наздикиҳои Димишқ аз сӯи «афроди мусаллаҳ» хабар дода буданд. Ба гуфтаи Абдулмаҷид Комҷӯ, консули сафорати Эрон дар Сурия, «гурӯҳҳои мусаллаҳ 48 зоири эрониро, ки дар ҳоли ҳаракат ба сӯи фурудгоҳ буданд», рабудаанд.

Тамоси Алӣ Акбари Солеҳӣ бо ҳамтои туркии худ дар ҳоле аст, ки Анқара фаъолона аз мухолифони мусаллаҳи Сурия ҳимоят мекунад. Пештар низ Эрон барои озодии эрониҳои гаравгон гирифташуда дар Сурия, аз Туркия кӯмак хоста буд. Дар ҳамин ҳол хабаргузории ИРНА ба нақл аз як манбаъи огоҳ дар сафорати Эрон дар Сурия бархе хабарҳои мунташиршуда дар бораи озодии гаравгонҳоро такзиб кард. Пештар хабаргузории Форс ба нақл аз шабакаи «Ал-маёдин» аз озодии ин гаравгонҳо хабар дода буд.

Ба қавли ин манбаъ, маҳали нигаҳдории 48 зоири эронии рабудашуда шиносоӣ шудааст. Бино ба гузориши хабаргузории ИРНА, маҳали будубоши зоирони эронӣ минтақаи Зайнабия будааст. Ин минтақа дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди даргириҳои шадид миёни нерӯҳои давлатии Сурия ва мухолифон будааст. Манобеи давлати Сурия мегӯянд, ки минтақаи Зайнабия дар рӯзҳои ахир дар амалиёти густурдае «аз вуҷуди афроди мусаллаҳ поксозӣ шудааст».

Ҳамзамон бо афзоиши танишҳо дар Сурия, фиристодани зоирон ба ин кишвар мутафаққиф шуда буд. Дар ҳафтаҳои ахир аммо бори дигар Эрон фиристодани зоиронро ба сурати ду рӯза аз сар гирифт. Пештар 32 шаҳрванди эронӣ дар Сурия тавассути мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Башор Асад рабуда шуда 27 тан аз онҳо тайи марҳилаҳои мухталиф озод шуданд.

Эрон яке аз муҳимтарин ҳампаймонҳои низоми Башор Асад аст, ки аз аз 17 моҳ пеш бо эътирозҳои бемонанд рӯбарӯ аст. Ин эътирозҳо ба мурури замон шакли мусаллаҳона ба худ гирифтанд.
XS
SM
MD
LG