Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” эътироф кард, ки имкони пардохти якбораи қарзҳои ҷамъшудаи нирӯгоҳи Сангтӯда-1-ро надорад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи Тоҷик” гуфт, ин мавзӯъ дар мадди аввали назари онҳост ва тасмим ин шуда, ки қарзи ширкати Русияро зина ба зина бисупоранд. САДО Нирӯгоҳи аввали Сангтӯда, ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба Русия тааллуқ дорад, ахиран гуфт, “Барқи Тоҷик” аз онҳо 58 миллион доллар қарздор аст, вале дар пардохташ маътал мекунад.