Як ҷангии исломӣ масъулияти ҳамлаҳои моҳи гузашта дар Тотористонро, ки мунҷар ба ҳалокати ду рӯҳонии аршад ва сахт захмӣ шудани муфтии аъзами ин ҷумҳурии мухтори тобеъи Русия шуд, иддао кардааст. Дар навори видеоие, ки Кавказ-Сентр, як сомонаи наздик ба чирикиҳои чечен нашр кард, як мард худро Муҳаммад ном бурда, мегӯяд, “амалиёти рӯзи 19 июл алайҳи душманони Худо -Илдус Файзов ва Валиуллоҳ Ёқубов дар Қазон бо фармони ман сурат гирифт.” Файзов муфтии Тотористон ва Ёқубов муовини ӯст, ки рӯзи 19 июл кушта шуд. Муҳаммад худро “амири муҷоҳидини Тотористон” номида, ҳушдор медиҳад, ки чунин ҳамлаҳо идома хоҳанд ёфт. Дар иртикоби ҳамлаҳо ба раҳбарони рӯҳонии Тотористон то имрӯз 5 нафар боздошт шудаанд.