Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Клинтон аз Судони Ҷанубӣ боздид мекунад


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа барои боздид вориди Судони Ҷанубӣ шуд. Вай бо президент Салва Кийир ва Нҳиал Денг Нҳиал-вазири корҳои хориҷаи ин кишвар мулоқот мекунад. Интизор меравад, ки хонум Клинтон дар ин мулоқотҳо муносиботи Судони Ҷанубӣ ва Судонро баррасӣ намояд.

Соли гузашта Судони Ҷанубӣ аз Судон ҷудо шуд ва худро кишвари мустақил эълон кард. Аз он замон то ҳол муносиботи миёни ҳар ду Судон сард боқӣ мондааст. Гаҳ-гоҳе дар марзҳои миёни ду кишвар даргириҳо мушоҳида мешавад.

Боздиди хонум Клинтон аз Судони Ҷанубӣ се соат давом мекунад. Дар давоми силсилабоздидҳои 11 рӯзаи вай боздид аз 7 кишвари африқоӣ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG