Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави Миср савганд ёд кард


Ҳишом Қандил, нахуствазири Миср, ҳайати ҳукумати навро муаррифӣ кард. Дар ин ҳукумат фелдмаршал Ҳусейн Тантавӣ курсии вазири дифоъро соҳиб шуд – замони қудрати Ҳуснӣ Муборак ӯ тайи 20 сол ин мақомро ишғол карда буд.

Дар ҳукумати нав 35 вазир фаъолият хоҳанд кард. Намояндагони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” панҷ курсии вазириро дар ихтиёр доранд. Намояндагони ҳизби Озодӣ ва адолат, бахши сиёсии ин ҷунбиш, дар садри вазоратҳои маориф ва иттилоот нишастанд.

Ҳишом Қандил дар маросими савгандёдкунии кобинаи нав гуфт, ки ҳукумат аз ягон ҳизб пуштибонӣ намекунад ва ӯ ҳангоми интихоби номзадҳо на ба шахсияту миллату мазҳаб ва хизматҳои пешин, балки ба сатҳи кордонии онҳо таваҷҷуҳ кардааст.
XS
SM
MD
LG