Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуриддин Шамсов -- сафири нави Тоҷикистон дар Амрико


Нуриддин Шамсов, сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида
Нуриддин Шамсов, сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони нави ин кишвар дар Иёлоти Муттаҳида, Австрия ва Ҷопону Куриёро таъйин кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон Нуриддин Шамсов, собиқ сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Австрияро, ки ҳамзамон намояндаи доимии ин кишвар дар САҲА (ОБСЕ) буд, сафири нави Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида таъйин кардааст. Дар ин бора рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нуриддин Шамсови 56-сола фаъолияти кории худро соли 1977-ум ба унвони тарҷумони забони арабӣ дар Ироқ шурӯъ кардааст. Ӯ соли 1979-ум ба унвони пажӯҳишгар дар Институти ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба кор пазируфта шуда, аммо баъдан соли 1988-ум ба Яман меравад.

Ҷаноби Шамсов дар оғози солҳои навадум барои кор ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон омада, то соли 2007-ум дар сатҳҳои гуногуни ин вазорат ифои вазифа мекунад.

Вай моҳи майи соли 2007-ум бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори ин кишвар дар Австрия ва ҳамзамон намояндаи доимӣ дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таъйин шуд. Нуриддин Шамсов соли 1977-ум факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси тарҷумони забони арабӣ хатм кардааст.

Қаблан, Абдуҷаббор Ширинов сафири Тоҷикистон дар Амрико буд, ки тибқи як фармони президент дар моҳи январи соли ҷорӣ ба курсии раиси Бонки милии Тоҷикистон нишаст.

Ҳамчунин, бар асоси фармони дигари президенти Тоҷикистон, Исматулло Насридинов намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкори дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар Австрия ва Ғуломҷон Бобозода, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон ва ҳамзамон сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ таъйин шудаанд.
XS
SM
MD
LG