Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД: Туфангчае, ки бо он Сафаровро куштаанд, пайдо шудааст


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз пайдо шудани туфангчае, ки барои куштори Холмӯъмин Сафаров истифода шудааст, иттилоъ дод.

Ба қавли ин манбаъ, туфангчаи тамғаи "Макаров", ки аз он шахси номаълум ба қисмати рӯй, қафаси сина ва шиками раҳбари хоҷагии ҷангалу шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур тир холӣ карда буд, аз рӯдхонаи Душанбе дар маҳаллаи 46 дар наздикии тарабхонаи «Фараҳноз»- и Шӯрои деҳоти «Россия» пайдо шудааст.

Ҷустуҷӯи таппонча рӯзи 15 июл пас аз он оғоз шуд, ки нафари гумонбар дар қатли Холмӯъмин Сафаров аз сӯи кормандони милиса боздошт шуд. Гумонбар дар ҷараёни бозпурсӣ баёнот дод, ки дар шаби сӯиқасд ба Холмӯъмин Сафаров силоҳи худро дар дарёи Душанбе партофтааст.

Ба манзури дигар кардани маҷрои оби дарё техника сафарбар карда шуда ва аз маъмурони пулис то ба раҳбарияти сохторҳои қудратӣ, бахусус вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар ду паҳлуи дарёи Душанбе, дар қисмати ҷамоати деҳоти «Россия» ва маҳаллаи 46-ум назоратро бар дӯш доранд, ба ҷустуҷӯи таппонча пардохтанд.

Холмӯъмин Сафаров, мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шаби 13-уми июн дар наздикии манзили зисташ, дар маҳаллаи мавсум ба "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе кушта шуда буд.

Вале тибқи иттилооти ахир, шахси гумонбар дар куштори Холмумин Сафаров ба вакили мудофеъ аз шаҳодатҳои додаи худ дар бораи ин куштор даст кашидааст. Вакили дифоъи вай гуфтааст, гумонбар дар бораи куштори Сафаров зери шиканҷа ва азияту озор “шаҳодат” додааст.
XS
SM
MD
LG