Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои ҳаракати мошинҳои НАТО мамониат бардошта шудааст


Як мақоми марзбонии Тоҷикистон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки бо вуҷуди баста будани посгоҳҳои марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон мошинҳои ҳомили бору колоҳои нируҳои НАТО аз Афғонистон бидуни мамониат ба Тоҷикистон мегузаранд.

Ин посгоҳҳо баъд аз оғози амалиёти боздошти гурӯҳҳои мусаллаҳи саркаш, ки дар қатли генерал Абдулло Назаров даст доранд, баста шуда буд. Дар ҷараёни ин амалиёт нируҳои давлатии Тоҷикистон 8 нафар шаҳрвандони Афғонистонро низ боздошт карданд, ки ба ҷонибдорӣ аз гурӯҳи Толиб Айёмбеков меҷангиданд.

Хушнуд Раҳматуллоев-сухангӯи нируҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, посгоҳҳои марзӣ бо Афғонистон танҳо баъд аз хатми амалиёти боздошти ҷангсолорони пешин анҷом хоҳад ёфт. Вале ба гуфтаи вай, ҳукумати Тоҷикистон ҳаракати мошинҳои ҳомили бори нируҳои НАТО-ро истисно кардааст.
XS
SM
MD
LG