Шӯрои Амният замони маъмурияти Дафтари кумакҳои СММ дар Ироқро то 12 моҳи дигар тамдид кард. 15 узви ин ниҳод бо иттифоқи оро давлати Ироқро ташвиқ карданд, ки “тақвияти демократия ва ҳукми қонун, беҳбуди амнияту назм ва мубориза бо терроризму хушунатҳои мазҳабиро идома диҳад.” Дафтари кумакҳои СММ дар Ироқ(UNAMI) моҳи августи соли 2003, ним сол баъд аз оғози ҷанги таҳти раҳбарии Амрико ташкил шуд.