Мусаллаҳони “Ал-Қоида” масъулияти силсилаи ҳамлаҳо дар чанд шаҳри Ироқро бар дӯш гирифтанд. Бар асари хунбортарин амали терррористӣ дар дувуним соли ахир дар Ироқ 113 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар изҳороти аз тариқи Интернет нашршудаи гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ”, ки бо “Ал-Қоида” рабти мустақим дорад, ба заъфи кори хадамоти маҳаллии кашф ва амниятӣ таъкид шудааст. Афроди мусаллаҳ ҳамлаҳои террористии рӯзи 23 июлро “оғози маъракаи нав алайҳи ҳукумати Ироқ” номидаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Ироқ, мавқеи созмони “Ал-Қоида” дар кишвар назар ба панҷ соли пеш хело заъиф шудааст. Аммо бар асари ҳамлаҳои мусаллаҳони ин созмон чун пештара афроди зиёд куштаву захмӣ мешаванд.