Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 930 кило тило тавлид шудааст


Дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 928 кило тило истихроҷ шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7 кило бештар мебошад. Аммо тавлидоти корхонаи “Тилои тоҷик” имсол назар ба нақша 17 кило камтар шудааст. Соли гузашта Тоҷикистон 2,4 тонна тило истихроҷ карда буд ва тибқи нақша, қасд дорад, то поёни соли ҷорӣ истихроҷи ин фулузи гаронбаҳоро ба 2 тоннаву 600 кило бирасонад.
XS
SM
MD
LG