Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фархор пойгоҳи низомии Ҳиндустон хоҳад шуд?


Матбуоти Ҳиндустон навиштааст, дар ҳоле, ки нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ бозгашти худ аз Афғонистонро баррасӣ мекунанд, Ҳиндустон тасмим гирифтааст, ки пойгоҳи низомии худро дар Фархори Тоҷикистон боз кунад. Дар чунин ҳолат ин нахустин пойгоҳи нируҳои Ҳиндустон дар хориҷ аз кишвараш хоҳад буд.

Дар хабар омадааст, мақомоти расмии вазорати корҳои хориҷаи Ҳинд барои омода кардани боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи оянда ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Сипас интизор меравад, ки моҳи сентябр раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Ҳиндустон боздид кунад, то тавофуқоти ҷонибҳо дар ин бора ниҳоӣ шавад.

Чунин ба назар мерасад, ки Ҳиндустон низ дар баробари Русияву Чин ва Амрико мехоҳад чун яке аз абарқудратҳои навпо дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои худ ҷои по дуруст кунад.
XS
SM
MD
LG