Нахуствазири Қирғизистон раҳбарони Ожонсии назорат бар маводи мухаддирро барои ба истилоҳ “ноӯҳдабароӣ” аз мақомҳояшон барканор кард. Дафтари матбуотии кобинаи вазирони Қирғизистон рӯзи панҷшанбе гуфт, Виталий Оразалиев-раис ва муовинони вай Дониёр Отарбоев ва Дамир Сагинбоев аз мақомашон барканор шуданд.
Дар аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ Котиботи Шӯрои дифои Қирғизистон фаъолияти ин ожонсиро тафтиш ва пешинҳод кард, ки раҳбарияти он бояд барканор шавад.
Ин тафтиш бо дастури президент Алмазбек Атамбоев анҷом гирифтааст.