Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Tethys Тоҷикистонро кишвари нафтхез арзёбӣ кардааст


Ширкати Tethys Petroleum Ltd натиҷаҳои мутолеоти навро дар бораи захираи манобеи нафт дар Тоҷикистон мунташир сохтааст. Ин захираҳо фақат манобеи марбут ба ширкати Tethys дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Дар ин бора баъзе рӯзномаҳои чопи Британия ва Амрикову Канада хабар додаанд. Бино ба ин хабар, захираҳои нафти манобеи ин ширкат дар Тоҷикистон ба 27,5 миллиард бушка баробар будааст, ки аз захираҳои Баҳри Шимолии Британия бештар аст.

Дар хабар омадааст, то ҳол дар Тоҷикистон барои истихроҷи нафти ин манобеъ поинтар аз қишри намак парма нашудааст. Tethys ба нақша гирифтааст, ки парма кардани чоҳҳои дар ихтиёраш бударо дар соли 2013 оғоз кунад.

То поёни соли ҷорӣ ширкати мазкур баъзе корҳоро барои дақиқ кардани маҳали чоҳҳо ва зилзилашиносӣ ба поён мерасонад. Захоири зерзаминии нафту газ дар Бохтару Кӯлоб таваҷҷуҳро бештар ҷалб кардааст.

Tethys барои оғози корҳо бо сармоягузорон дар ҳоли музокира аст ва мегӯяд, захоири Тоҷикистон яке аз ғанитарин захоир дар ҷаҳон ба шумор меравад ва ба эҳтимоли зиёд ин захоир таваҷҷуҳи сармоягузоронро ба худ хоҳад кашид, бо вуҷуди ин, ки ин манобеъ дар умқи зиёд ҷой гирифтааст ва махориҷи бештарро мехоҳад.
XS
SM
MD
LG