Раиси шаҳри Душанбе феҳрасти иморатҳоеро, тасвиб кард, ки бар асоси нақшаи генералии шаҳр, вайрон карда мешаванд. Қарори мазкур рӯзи 17 июл тасвиб шудааст ва бар асоси он бояд 148 иморат аз ҷумла ду бинои қадимӣ даир дили Душанбе Кохи Ҷомӣ ва бинои Почтаи Тоҷикистон вайрон мешавад ва ва дар ҷойи охирӣ бинои баландошёи истиқоматӣ месозанд. Вайрон кардани хонаҳои қадима дар маркази пойтахти Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2013 шурӯъ шуда ва дар се марҳила идома мекунад. Бисёре аз хонаҳое, ки вайрон мешаванд, биноҳои қадимаи сохти шӯравӣ ҳастанд.