Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Тотористонро захмӣ карданд


Дар ду ҳамлаи ҷудогона дар Ҷумҳурии Тотористони Русия, муфтии ин ҷумҳурӣ маҷрӯҳ ва муовини ӯ кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомот, Илдус Файзов, муфтии ҳукуматгарои Тотористон, рӯзи панҷшанбе бар асари таркиши мошинаш дар шаҳри Қазон маҷрӯҳ шудааст. Айни ҳол дар бемористон аст. Валиулло Ёқубов муовини муфтиро дар назди хонааш дар шаҳри Қазон бо тири туфанг куштаанд. Касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо Валиулло Ёқубов бо мухолифаташ ба исломгароёни тундрав ва ифротгарои мазҳабӣ маъруф буд.
XS
SM
MD
LG