Ширкати мобилии Мегафон Тоҷикистон 2000 умин истгоҳи худро таҳти унвони «Наврӯз» дар назди деҳаи Наврӯзи ноҳияи Шаҳирнав,55 километрии ғарби пойтахт ифтитоҳ кард.
Андрей Шишковский муовини аввали Мудири кулли ширкати «Мегафон Тоҷикистон» ҳангоми ифтитоҳи ин нуқтаи нави худ рӯзи чоршанбе ба хабарнигори Озодӣ гуфт, ин 2000 умин истгоҳи ширкат аст, ки мавриди баҳрабадорӣ қарор дода шуд.
Вай афзуд, ки ин истгоҳи асосӣ дар доманакӯҳ қарор дорад ва барои дастрасии мардуми атроф бо интернет ва дигар хадамоти мобилии ҷадид, мисли 3 - G муҷаҳҳаз карда шудааст. Акнун мардуми деҳоти дурдаст метавонанд аз он истифода кунанд.
Сохтмони истгоҳи мазкур дар моҳи ноябри соли гузашта оғоз шуда ва барои он беш аз 150 ҳазор доллар харҷ шудааст.
“Мегафон Тоҷикистон» мегӯяд, ки дар қаламрави кишвар ҳудуди як миллион нафар аз телефонҳои мобилӣ ва хизмати интернетии он истифода мекунанд.