Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири мудофиаи Сурия Довуд Роҷҳа кушта шуд


Довуд Роҷҳа-вазири мудофиаи Сурия
Довуд Роҷҳа-вазири мудофиаи Сурия
Телевизиони давлатии Сурия мегӯяд, бар асари бомбгузории маргталабона дар маркази шаҳри Димашқ вазири мудофиаи Сурия Довуд Роҷҳа ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунон дар натиҷаи ин таркиши рӯзи чоршанбе дар бинои Амнияти Миллӣ як идда мансабдорони баландпояи режими Башор ал-Асад ва аз ҷумла муовини вазири мудофиа-Осиф Шавкат, ки шавҳари хоҳари Башор ал-Асад буд, ба қатл расидаанд. Президенти Сурия бо ҳадафи эҳёи назму субот Фаҳд ал-Фурайҷро вазири нави мудофиаи Сурия таъйин кард.
XS
SM
MD
LG