Бино ба хабари вазорати дифои Тоҷикистон, қарор аст имрӯз Жан Ивес Ле Дриан-вазири дифои Фаронса аз Тоҷикистон боздид кунад. Боздиди вай дар нимаи дуввуми рӯз оғоз мешавад.
Манбаи вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки вазири Фаронса бо Шералӣ Хайруллоев-вазири дифои Тоҷикистон мулоқот ва дурнамои ҳамкориҳои низомӣ-техникии ҷонибҳоро баррасӣ мекунад.
Қабл аз боздид аз Тоҷикистон Дриан бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон дар Тошканд мулоқот анҷом дод ва хуруҷи қарибулвуқуи нируҳои кишвараш аз Афғонистонро баррасӣ кард.