Дар нимаи аввали сол дар вилояти Суғд парвандаи 56 нафари муттаҳам ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундрави мазҳабиро ба додгоҳ фиристодаанд. Шариф Қурбонов, додситони вилоят гуфт, 54 тани онҳо ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон ва ду тани дигар ба узвият дар Ҳизби таҳрир айбдор мешаванд. Соли гузашта дар вилояти Суғд бо айни иттиҳом 101 нафар ба масъулият кашонида шуданд. Ҳаракати исломӣ ва Ҳизби Таҳрир ду гурӯҳи дар Тоҷикистон расман манъшудаи ифротист, ки барои таъсиси хилофати исломӣ дар Осиёи Марказӣ мубориза мебаранд.