Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди расмии варзишгарон ба Лондон оғоз шудааст


Истиқбол аз варзишгарон дар фурудгоҳи Ҳитроу
Истиқбол аз варзишгарон дар фурудгоҳи Ҳитроу
Вуруди ҳазорон варзишгар ва намояндагони доираҳои расмии варзиш ба таври расмӣ ба Лондон оғоз шудааст. Бозиҳои тобистонаи Олимпии соли 2012 27 июли соли ҷорӣ дар Лондон шурӯъ мешавад.

Кормандони фурудгоҳи Ҳитрои Лондон мегӯянд, онҳо рӯзи душанбе 236 955 мусофирро истиқбол гирифтаанд, ки нисбат ба рӯзҳои маъмулии тобистон 45 ҳазор нафар бештар аст.

Мақомот мегӯянд, онҳо бовар надоранд, ки барои баргузории бозиҳои олимпӣ хатари амниятӣ пеш ояд ва онҳо нируҳои бештарро барои амният сафарбар кунанд. Бо вуҷуди ин ҳукумати Британия 3 500 нафар нируи иловагиро омода кардааст, то дар лаҳзаҳои зарурӣ ба кӯмак шитобанд.

Дар шаҳраки олимпӣ дар шарқи Лондон 16 ҳазор нафар варзишкорон ва мақомоти расмӣ аз 200 кишвар дар рӯзҳои Олимпиада ба сар хоҳанд бурд. Бозиҳои олимпӣ то 12 август давом мекунад.

Аз Тоҷикистон дар ин бозиҳо 16 варзишгар ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG