Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср тахриби бинои бисёртабақа 10 касро кушт


Майдони марказии шаҳри Искандарияи Миср
Майдони марказии шаҳри Искандарияи Миср
Вазорати беҳдошти Миср мегӯяд, рӯзи шанбе дар шаҳри Искандария як бинои бисёртабақаи таъмиршаванда болои биноҳои ҳамсоя афтида ҳаёти 10 нафарро аз байн бурдааст.Ба қавли вазорати дар ин ҳодиса панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд ва гурӯҳҳои наҷот амалиёти кофтукоби вайронаҳоро идома медиҳанд. Тибқи гузоришҳо дар минтақаи ал-Гумруки ин шаҳр як бинои 11-табақа таъмир мешуд, вале ғайричашмдошт бино фурӯ рехта болои се бинои хурдтари ҳамсоя афтидааст. Ҳамин манбаъ афзудааст, ки ҳамаи қурбониҳо сокинони биноҳои ҳамсоя будаанд.
XS
SM
MD
LG