Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси имкони тавсеаи ҳамкориҳои ИМА ва Либия


Вилям Бурнс
Муовини котиби давлатии ИМА Вилям Бурнс рӯзи шанбе дар Троблус бо мақомоти Либия пиромуни амнияти ин кишвар музокирот кард. Ӯ бо сарвазири муваққати Либия Абдураҳим ал-Киб ва дигар мансабдорони воломақом дидору гуфтуӯ дошт. Брунс гуфт, тарафҳо таҳдидҳои амниятӣ ва имконоти ҳамкориҳои васеъ дар соҳаоҳи беҳдошт ва маорифро баҳс карданд. Дар поёни музокиот ҳеҷ созише ба имзо нарасид, вале Бурнс тахмин мекунад, ки тавсеаи равобит баъди ташкили ҳукумати нав ба амал меояд. Ҳафтуми июл дар Либия аввалин интихобот дар беш аз 50 соли гузашта ва барканоршавии режими Муаммар Қаззофӣ баргузор гашт.
XS
SM
MD
LG