Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ озими Боку - пойтахти Озарбойҷон шуд. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири раиси ҷумҳур оиди ба равобити байналмилалӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, вазири маориф Нуриддин Саидов ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба иттилои хабаргузориҳои озарӣ, дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Озарбойҷон, чаҳор созишномаи байнидавлатӣ ба имзо хоҳад расид. Қарор аст дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ва мақомоти дигари ин кишвар дидору гуфтугӯ намояд.
XS
SM
MD
LG