Шаби гузашта кормандони полис ва Хадамоти муҳоюирати шаҳри Санкт-Петербург дар як амалиёт 103 муҳоҷири ғайриқонуниро ошкор ва боздошт карданд.
Амалиёт ба думболи занозании миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Озарбойҷон дар хиёбони Обуховская оборона сурат гирифт. Дар ин бархӯрди қавмӣ, ки гуфта мешавад, баъд аз бозии футбол шурӯъ шуд ва дар он аз ҳар ду ҷониб тақрибан 20 нафарӣ ширкат доштанд, ду шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, шаш нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.
Аҳтамбек Маҳмудов, масъули ҷамъияти тоҷикон “Сомониён”, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар робита ба низоъи қавмӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳам боздошт шудаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.