Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: “Саҳми Тоҷикистон дар барномаи хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон коҳиш наёфтааст”


Дар паи тавофуқи ҳосилшуда миёни НАТО ва се кишвари Осиёи Марказӣ дар бораи кӯмак дар хуруҷи нирӯҳову борҳои низомии ин паймон аз Афғонистон, ба назар мерасад, ки Тоҷикистон аз ин барномаҳо дар канор монд. Моҳи маи имсол дар нишасти Чикаго мақомоти баландпояи НАТО гуфтанд, ки қаламрави ин кишварҳо барои транзити муҳимот ва таҷҳизоту нақлиёти низомии паймони низомӣ ба ҳайси «шабакаи шимол» истифода хоҳанд шуд. Радиои Озодӣ аз намояндагии НАТО дар Тоҷикистон хост, ки масъалаи марбут ба канор мондани Душанбе аз ин барномаҳоро шарҳ диҳад.

Дар як мукотиба тавассути почтаи электронӣ сафорати Фаронса дар Душанбе, ки аз НАТО дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, ба саволҳои радиои Озодӣ дар ин замина посух дод.

Аз ҷумла, дар ин нома омадааст, ки созишнома дар бораи транзит миёни Тоҷикистон ва НАТО як ҷузъи муҳими тавофуқҳо бо кишварҳои «шабакаи шимол» - Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия аст.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки бо хуруҷи Ӯзбакистон аз СПАД ва тахриби қитъаи «Ғалаба-Амузанг»-и роҳи оҳани «Тирмиз – Қӯрғонтеппа» нақши Тоҷикистон дар барномаи хуруҷи нерӯҳои байнулмилал аз Афғонистон коста шудааст. Аммо сафорати Фаронса дар Тоҷикистон мегӯяд, созишномаҳо бо ҳар кишвар вижагиҳо худро доранд ва роҳҳои эътимодбахшу мусоид барои ҷойивазкунӣ ё аз ҷое ба ҷои дигар кӯчидани зуд ва муассири нерӯҳои НАТО заруранд.

Дар як мукотиба тавассути почтаи электронӣ намояндагии расмии НАТО дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ навишт, ки миёни НАТО ва Тоҷикистон аз соли 2004 ба ин сӯ созишномаи ҳамкориҳо вуҷуд дорад, ки ба иттилои сафорати Фаронса, на фақат интиқоли борҳо, балки афрод ва дастгирии кишвари қабулкунандаро ҳам дар назар дорад. Ин манбаъ мегӯяд, кишварҳои ISAF ҳаққи операторони хусусӣ барои хадамоти интиқолдиҳӣ тариқи роҳҳои мошингард ва ронандаҳои маҳаллиро медиҳад, агар ҳамчунин зарурат пеш ояд. Манбаъи мо гуфт, ҷузъиёти ин гуна созишномаҳоро муҳокима намекунанд, аммо созиш сари онҳо бо назардошти ҷонибҳои зидахл ҳосил мешавад.

То соли 2014 қисмати асосии нерӯҳои байнулмилал аз хоки Афғонистон хориҷ мешаванд. Пас аз мухолифатҳои НАТО бо Покистон миёни ин паймон бо кишварҳои «шабакаи шимол» - Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия тавофуқ ҳосил шуд, ки дороиҳо ва таҷҳизоти низомии Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният ё ISAF-и НАТО асосан тариқи ин кишварҳо берун оварда шаванд.

Чанде қабл мухолифатҳо миёни НАТО ва Покистон бартараф шуданд ва ахирӣ иҷозаи хуруҷи нерӯҳои байнулмилалро аз марзҳояш дод, аммо масъулини паймон мегӯянд, масири шимол аҳамияти қаблии худро гум накардааст.
XS
SM
MD
LG