Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Спартакиадаи низомиёни кишварҳои ИДМ дар Остона


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Спартакиадаи 9-уми низомиёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараён дорад.
Дар ин спартакиада беш аз 320 варзишгари низомӣ аз кишварҳои ИДМ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Русия ва Украина, инчунин, дастаи низомиёни Ҳиндустон рақобат мекунанд.

Ба барномаи спартакиада мусобиқот аз рӯи ҳашт намуд – муҳорибаи танбатан, гуштии озод, дзюдо, волейбол, сангбардорӣ, шиноварӣ, самтгирии варзишӣ ва триатлон дохил аст.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин спартакида, ки то рӯзи 11-уми июл идома хоҳад кард, беш аз 50 варзишгари Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи кишвар ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG