Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди рақобати миёни додгоҳ ва Мурсӣ дар Миср


Муҳаммад Мурсӣ
Муҳаммад Мурсӣ
Додгоҳи Олии Миср бори дигар тасмими худро дар бораи пароканда сохтани порламони ин кишварро таъйид кард. Чунин ба назар мерасад, ки ин тасмим метавонад боиси мухолифати Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури нави исломгаро ва сиёсатмадорони Миср шавад.

Мурсӣ рӯзи якшанбе дастур дод, ки бо вуҷуди ин тасмими Додгоҳи олӣ порламон бояд ба кори худ баргардад. Низомиёни Миср аз додгоҳ ҳимоят мекунанд. Рӯзи душанбе баъд аз дастури Муҳаммад Мурсӣ раиси порламон намояндагонро ба иҷлос даъват кард.

Мурсӣ гуфтааст, порламон бояд то баргузории интихоботи нав фаъолияти худро идома диҳад. Интихобот бояд дар 60 рӯзи оянда баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG