Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 халабони тоҷик аз Кобул раҳо шуданд


5 халабони «Тоҷик Айр», ки дар Кобул нигоҳ дошта мешуданд, пас аз 39 рӯз ба ватан баргаштанд. Аммо сарнавишти 5 нафари дигар то ҳол рӯшан нашудааст.

Ду нафари онҳо дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки то ҳол мақомоти Афғонистон дар бораи сарнавишти баъдии онҳо ба хулосаи нарасидаанд ва онҳоро бо ҷурмҳои беасос нигаҳ медоранд.

Онҳо мегӯянд, мақомот даъво доранд, ки чархболҳо дар замони ҷангҳои дохилии Афғонистон дар соли 1992 аз сӯи Тоҷикистон рабуда шуда, пас аз рангубор ва таъмир дубора ба истифода дода шудаанд. «Тоҷик Эйр» тамоми ҳуҷҷатҳои ин чархболҳоро ба мақомоти афғон пешкаш ва собит кардааст, ки онҳо дуздида нашуда, балки моли ширкатанд. Ҳамчунин халабонҳои тоҷикро мақомоти Афғонистон барои убури ғайриқонунии марз муттаҳам кардаанд.

Бо вуҷуди раҳоии 5 нафар ду чархболи ширкати «Тоҷик Эйр» ҳамоно дар фурудгоҳи Кобул нигоҳ дошта мешавад. Онҳоро мақомот мӯҳру коғаз задаанд.
XS
SM
MD
LG