Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон як занро дар мазҳари ом куштаанд


Ҳукумати Афғонистон қатли бераҳмонаи як зан аз тарафи Толибонро “ғайриисломӣ ва ғайриинсонӣ” хонд ва гуфт, гунаҳкоронро пайдо карда ҷазои сазовор хоҳад дод. Ҳафтаи гузашта Толибон як занеро ба зинокорӣ муттаҳам карда ва дар як рустое дар вилояти Парвон дар мазҳари ом бо ду тири туфанг куштаанд. Фавзия Кӯфӣ, вакили порлумони Афғонистон ин амалро маҳкум карда гуфтааст, ин ҷиноят чӣ гуна метавонист дар наздикии шаҳри Кобул ва дар муқобили мардуми зиёд сурат бигирад. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё низ гуфтааст, аз гузоришҳо дар бораи ин қатл, “ваҳшатзада” шудааст.
XS
SM
MD
LG