Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти "Дӯстони Сурия" дар Порис поён ёфт


Нишасти мавсум ба “Дӯстони Сурия” дар шаҳри Порис пойтахти Фаронса ба поён расид ва ҳамаи ҳозирони он мувофиқат кардаанд, ки Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, бояд аз қудрат биравад. Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса гуфт, намояндагони 100 кишвар ва аъзои мухолифини давлати Сурия назари воҳид доранд, ки “Башшор Асад бояд аз қудрат биравад ва ҳарчӣ зудтар ҳамон қадар беҳтар”. Кишварҳои зиёд аз ҷумла Амрико, Фаронса ва Бритониё хостори эъмоли таҳримоти сахт алайҳи режими Сурия шуданд ва Чину Русияро барои монеъ шуданашон ба талошҳои хотима додан ба низоъ дар Сурия интиқод карданд.
XS
SM
MD
LG