Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эронро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст. Маркази матбуотии вазорат мегӯяд, Чироғиддин Мазлумии 51–сола, сокини шаҳри Теҳрон, Муҳаммадризо Ҷомии 19 – сола, зодаи шаҳри Теҳрон ва Акбали Аммар Парвизи 40 – сола, зодаи шаҳри Аҳвоз ба боварии корманди мубодилаи асъор, воқеъ дар кӯчаи Шевченко-105 – и шаҳри Душанбе даромада, бо роҳи фиреб барои иваз намудани пули миллии тоҷикӣ ба асъори хориҷӣ аз ӯ 4300 доллари амрикоӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Бино ба ин манбаъ, ҳодисаи мазкур тафтиш мешавад ва гумонбаршудагон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.