Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофтукоби полис дар идора ва хонаи Саркозӣ


Собиқ президенти Фаронса Николас Саркозӣ
Собиқ президенти Фаронса Николас Саркозӣ
Рӯзи сешанбе дар чорчӯби тафтиши парвандаи сармоягузории ғайриқонунии маъракаи интихобот полиси Фаронса идора ва хонаи собиқ президенти Фаронса Николас Саркозиро кофтукоб намуд. Ба қавли як манбаъ, ки нахостааст, номаш ошкор шавад, кофтукобро додрас Жан-Мишел Жентил ҳамроҳ бо муфаттишони бахши ҷиноятҳои молии полиси шаҳри Париж баргузор намудааст. Мақомот иттиҳоми сармоягузории ғайриқонунӣ аз тарафи молики ширкати атриёти Лореал (L'Oreal) Лилиан Бетанкурро тафтиш мекунанд, ки гӯё дар соли 2007-ум ба ёварони Саркозӣ барои пешбурди маъракаи интихоби президент пул додааст. Саркозӣ, ки ду моҳ пеш аз курсии президенти Фаронса барканор шудааст, ин айбномаро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG