Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон роҳҳои икмолоти НАТО-ро боз мекунад


Корвони НАТО аз шаҳри Карочии Покистон убур мекунад.
Корвони НАТО аз шаҳри Карочии Покистон убур мекунад.
Рӯзи сешанбе котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон изҳор намуд, ки ҳукумати Покистон тасмим гирифтааст, роҳҳои икмолоти нерӯҳои НАТО мустақар дар Афғонистонро дубора боз кунад. Моҳи ноябри соли 2011-ум баъди куштори тасодуфии 24 сарбози покистонӣ Исломобод роҳҳои заминии икмолоти НАТО-ро баста буд.
Дар арафаи эълони Вашингтон сарвазири тозаинтихобшудаи Покистон Покистон Роҷа Парвиз Ашраф иброз дошт, ки манъи икмолоти НАТО тавассути Покистон ба равобити Исломобод бо Вашингтон ва дигар аъзои паймони НАТО таъсири манфӣ гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол рӯзи сешанбе Толибони Покистон ҳушдор доданд, ки агар икмолоти НАТО тавассути роҳҳои заминии Покиситон аӯ сар гирифта шавад, онҳо мошинҳои боркаши НАТО-ро мавриди ҳамла қарор дода, ронандагони ин мошинҳоро ба қатл мерасонанд.
XS
SM
MD
LG