Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ҷонибдори ҳалли сиёсии низоъ дар Сурия аст


Андерс Фог Расмуссен-дабири кулли НАТО
Андерс Фог Расмуссен-дабири кулли НАТО
Рӯзи душанбе паймони НАТО бори дигар таъкид кард, ки ҷонибдори ҳалли сиёсии низоъ дар Сурия мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мухолифини ҳукумати Сурия барномаи сулҳро, ки аз тарафи СММ, Русия ва ИМА дастгирӣ мешавад, қабул накардаанд. Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен мегӯяд, низоъ дар Сурия назму суботи тамоми минтақаро бо таҳдид мувоҷеҳ кардааст, вале дар ҳар сурат паймон нақшаи дахолати низомӣ дар ин низоъро мадди назар нагирифтааст. Қабл аз изҳороти дабири кулли НАТО вазорати корҳои хориҷии Русия эълон кард, ки моҳи равон дар Маскав бо ду гурӯҳи мухолифони ҳукумати президенти Сурия Башор ал-Асад нақшаи гузариши сиёсиро баҳс мекунад.
Сухангӯи департаменти давлатӣ ё худ вазорати корҳои хориҷии ИМА хонум Виктория Нуланд дар Вашингтон гуфт:
Мардуми Сурия сазовори натиҷаи зудрас аст ва мо аз ҳамаи нерӯҳои Сурия даъват мекунем, ки аз барномаи сулҳи Кофӣ Аннон пуштибонӣ карда, дар пайи иҷрои он шаванд.”
Барномаи сулҳро гурӯҳҳои мухолифини Сурия “ масхара” номидаанд, зеро дар он истеъфои президент Асад пешбинӣ нашудааст. Кишварҳои араб ва Туркия аз гурӯҳҳои парокандаи мухолифини ҳукумати Сурия даъват кардаанд, то муттаҳид шуда, ҳамчун як алтернативаи воқеӣ ба режими Асад зуҳур намоянд.
XS
SM
MD
LG