Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали рус Тоҷикистонро "ҳайратзада" кардааст


Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, аз баёнияи генерали рус дар бораи муноқишаҳои эҳтимолӣ дар Осиёи Марказӣ ва равобити Русияву Тоҷикистон ҳайратзада шудааст. Вазорат дар баёнияи расмие имрӯз гуфт, баёнияи Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия, ки гуфт, мумкин аст, миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қирғизистон барои тақсими об ҷанг сар бизанад, ҳайратзад шудааст. Вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфтааст, ингуна баёнияҳои нодурусти сиёсии генерали рус ба таҳкими ҳамкориҳои созанда ва муносибатҳои ҳасана байни кишварҳои минтақа мусоидат намекунад. Вазорат афзудааст, баёнияи генерал Чиркин дар бораи ба бунбаст ворид шудани музокирот дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон низ, дуруст нест ва дар сурати хостан ва ҳамдигарфаҳмӣ ин созишнома имзо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG