Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори се сарбози НАТО дар Афғонистон


Паймони НАТО мегӯяд, дар ҷануби Афғонистон марде бо либоси афсари полиси афғон се низомии нерӯҳои эътилофи байналмилалиро ба ҳалокат расонд. Дар бораи шаҳрвандии қурбониҳо маълумоте нашр нашудааст. Нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон(ISAF), ки зери назорати паймони НАТО мебошанд, силоҳбадастро ибтидо маҷрӯҳ намуда, сипас ба ҳабс гирифтаанд. Сухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ мегӯяд, ҳоло муфаттишон саъй доранд, ташхис кунанд, ки оё ӯ воқеан афсари полис аст ё не? Ахиран чандин ҳодисаи ҳамлаи афсарони афғон болои нерӯҳои байналмилалӣ ба қайд гирифта шудааст. Феълан наздик ба 130 ҳазор сарбози нерӯҳои бйналмилалӣ ҳамроҳ бо 350 ҳазор афсару сарбози афғон бар зидди толибони ошӯбгар муқовимат нишон медиҳанд, вале дар соли 2014-ум нерӯҳои байналмилалӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG