Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон талош дорад таъсири таҳримҳои ИА-ро камтар кунад


Эрон қавл додааст, ки бо таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо посух хоҳад дод. Теҳрон гуфтааст, воридоти захира дорад ва 150 миллиард доллар захоири дигари хориҷӣ низ мавҷуд аст, то таъсири таҳримҳоро камтар кунад ва он ба бахши бонкӣ зарар наорад.

Иқтисоддонон бар ин боваранд, ки ин таҳримҳо даромади ин кишварро тақрибан 50 дарсад коҳиш хоҳад дод. Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ба таври расмӣ дар охири моҳи январ ба тасвиб расида буд. Ҳадаф аз таҳримҳо ин аст, ки кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо нафти хом ва фаровардаҳои нафтии Эронро харидорӣ накунанд ва боварӣ ҳосил шавад, ки киштиҳо ба ҳамлу нақли ин нафт машғул нахоҳанд шуд.

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо 20 дарсади нафти Эронро ворид мекунанд. Бино ба маълумоти Ожонси Энержии Байналмиллалӣ содироти нафти хоми Эрон дар соли ҷорӣ 40 дарсад поин рафтааст.
XS
SM
MD
LG