Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи рушди забони давлатӣ тасвиб шуд


Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди забони давлатии Тоҷикистон барои чаҳор соли ояндаро тасвиб кард, ки дар муддати як сол таҳия шудааст. Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон истилоҳот ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаи мазкур рафъи мушкилоти зиёд дар забони адабии имрӯза ва чопи фарҳангҳои навро дар назар дорад: “Таҳияи дастуруламали танзим ва қабули истилоҳот дар Тоҷикистон, заминаҳои рушди забони давлатӣ нашри китоби “Таърихи забони тоҷикӣ”, таҳия ва нашри луғатҳои соҳавӣ, таҳқиқи лаҳҷаҳо ва забонҳои помирӣ... бахше аз ин барнома ҳастанд.” Ба гуфтаи Додихудо Саймуддинов, як ҳадафи дигар пок кардани забони адабӣ аз қолабҳои сунъӣ ва лаҳҷавист, ки онҳоро дар солҳои аввали шӯравӣ ба забон ворид карда, ба пайкари он зарбаи сахте заданд.
XS
SM
MD
LG